ДАР ВАСФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҷавҳари чун бирасидам ба ҳамин шаҳри бузург,
Олами дидаму шуд хотири ман хурраму шод.

Даҳр чун доира ин шаҳр бувад маркази нур.
Ё худ ин мардумаки чашми ҷаҳон эҷод.

Ё ҷаҳон қолибу доира ин шаҳр бувад чун дилу ҷон,
Раҳмат онро ки чунин мулк намуд ӯ бунёд.

Навниҳолон ҳама дар ҷилвагари ҳамчун арӯс
Сарву шамшоду санавбар ҳамагӣ чун домод

Истиховат ба нишон дар ҳама сӯ ҷадвали ҷӯй
Обҳо соф дар он рӯди равон дар аҷсод

Ҳама мактаб чаману дафтараш авроқи чаман
Ҳама таьмир сафоҷӯшу баланд аст садо

Истиховат ба нишон дар ҳама сӯ ҷадвали ҷӯй,
Саьи ободияш аз кист? Зи халки озод.

Дур бод офат аз ин арсаву ҳар мулки совет,
Тири чун барқ ба чашми тамаҳи ҳосид бод.

Эй ҷавонони советӣ ҳама ғайрат оред,
Аз паи ҳифзи Ватан сахт кунед истеъдод.

Нарасад то ки дар ин ҷо қадами наҳси фашист
Ҷисми ӯ хок наомеду диҳеташ барбод.

Ҳимматомада бувад аз паи даьфи душман
Ҷавҳари пири муаммар ба ду солу ҳаштод.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед