Гург ва барф

Танаш чу барфи навборидаи сӯбҳи зимистон буд,
Паи дандони ман ҳар ҷо
Саҳаргоҳон чу нақши пои гургон буд.
Паи ошуби гургони биёбон буд.

Ду чашми мешии ӯ,
Гурги мастам карда буд охир,
Ғизоли печутоби қоматаш, оҳӯи рафтораш
Чу гургон гушнамастам карда буд охир.

Лаби ман гушнаи ҳарду лаби хунпораи сурхаш,
Дили ман ташнаи хуни сари рухсораи сурхаш,
Чу гурги чила бозӣ кардаме бо барфи андомаш,
Чу бо барфи зимистон барфбозӣ кардаме бо барфи андомаш.

Вале дар хорбанди тези мижгонаш шикорам кард,
Маро бигрифт.
Яклухтам ба даст овард;
Агарчи мепаронд абрӯ,
Ҳавоиӣ мепаронд абрӯ,
Назад тирам, накӯштам,
Зиндаи лухтам ба даст овард

Ба занҷири нигоҳаш сахт бандам кардааст акнун,
Ба занҷири нигоҳаш гургбандам кардааст акнун.
Дигар ман мекашам як умр занҷири нигоҳашро,
Ба монанди қалам дар хат,
Ки умре мекашам занҷири пояшро.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед