ИНТИЗОР
Омадам дар назди маҷнунбеду донистам,
Дигар асло ту намеойӣ.
Зери зулфони дарозаш бо умеди васли кӯтоҳе
Ошиқу шайдо намепойӣ.
Беди маҷнун ҳам зи бори интизорӣ зору сархам буд.
Чирчиракҳои алафзорон, ки дар раҳ дӯш
Бо ман аз дурӣ хабар аз омаданҳои ту медоданд,
Баста кӯч аз ин маҳал буданд ё хомӯш.
Ман назар кардам чу бар атроф,
Менамуд атроф чун аъроф.
Ҳамчу мурғе, ки ба хона медарояд зуд,
Баъд бо азми раҳидан пешу пас худро
Мезанад бар шишаҳои софу шаффофи тиреза,
К-он тараф дунёи озод аст;
Ман ба доми шишаи шаффофи гардолуд
Мезадам худро,
вале бесуд.
Баски доми шиша ҳар ҷо буду пинҳон буд.
Дидам акнун авҷи гардун бар сари ман паст меомад,
Дар сари сабзи алафзорон намелағзид дасти бод,
Абрҳо аз гӯшаҳои осмон буданд овезон.
Мурғи танҳое ба рӯйи шохае якпоя меистод…
Муаллиф: Аскар Ҳаким