Мазраъи сабзи фалак

Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав.

Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.

Гуфтам: «Эй бахт, бихуспидиву Хуршед дамид.»

Гуфт: «Бо ин ҳама аз собиқа навмед машав!»

Гар равӣ поку муҷаррад чу Масеҳо ба фалак,

Аз чароғи ту ба Хуршед расад сад партав!

Такя бар ахтари шабдузд макун, к-ин айёр

Тоҷи Ковус бибурду камари Кайхусрав.

Гӯшвори зару лаъл арчи гарон дорад гӯш.

Даври хубӣ гузарон аст, насиҳат бишунав.

Чашми бад дур зи ҳоли ту, ки дар арсаи ҳусн

Байдақе ронд, ки бурд аз Маҳу Хуршед гарав.

Осмон, гӯ, мафурӯш ин азамат, к-андар ишқ.

Хирмани Маҳ ба ҷаве, хӯшаи парвин ба ду ҷав!

Оташи зӯхду риё хирмани дин хоҳад сӯхт,

Ҳофиз, ин хирқаи пашмина бияндозу бирав!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед