Мебора борон, эй худо, мебора борон

(Ба равиши таронаи маҳаллӣ)

Мебора борон, эй худо, мебора борон,
Насли чавонам, эй худо, шуд тирборон.
Боғи дилам зард, эй худо, доғи дилам сурх,
Дил лолазорон, эй худо, дил лолазорон.
Душман надорам, эй худо, душман надорам,
Мову бародар, эй худо, хун дар гиребон.
Месӯзам аз таб, эй худо, месӯзам аз таб,
Табхола дар лаб, эй худо, табхола дар ҷон.
Танҳо нагиряд, эй худо, танҳо нагиряд,
Бо ман бигиряд, эй худо, имсола борон.
Борони шир аст, эй худо, борони раҳмат,
Борони хун аст,эй худо, гулӯлаборон.

16 сентябри 1994, шаҳри Маскав.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед