НАМЕФОРАД СУХАН

Шеър дар васфи замони солҳои аввалини истиқлолияти кишвар (Тоҷикистон) 1992-1994.

Бемадор аз кор оӣ,
Дар баданат нест ҷон,
Рост истодан набитвонӣ ба навбат,
Нест ҷон.

Хайрият, ки нест не, дар кисаат
Садсӯмаҳост,
Воаҷаб, аз баҳри харҷ
Имкон куҷо, худ нест нон.

Як килояк гӯшт хоҳӣ,
Нархи он ними маош,
Бе чунин неъмат чӣ холи зиндагӣ,
Эй зиндагон!

Дону дун, ашёю мол…
Анбори савдогар пур аст,
Бар ҳазорӣ нарх ҳоло
Нест фармони Калон.

Асли воқеъро агар пурсед,
Ин кишвар ғаност,
Ҳайф, ҳайф, инсофу виҷдон
Не ба хуни соҳибон.

Эй мусулмонон, чӣ шуд
Бар мо дар ин давру замон,
Ҳаст диневу диёнат,
Лек имон ноаён?!

Ӯлмасо, ту шоирӣ партою рав,
Нонвой шав,
Ишками гушна намефорад
Сухан бар гӯшамон!



Шарҳи худро нависед