ШОХИ ШИКАСТА

Дар шохсори хотирам имшаб наво бизан,
Эй мурғаки чаман, чамани ёдҳои ман.
Дарде ки ҳаст дар дилам аз талхии фироқ,
Ширин бикун ба шеваи ширини хештан.

Донӣ ки дил ба савти ниҳонат супурдаам,
Гарчи зи нағмаат аламам тоза мешавад.
Ёдам чу мерасад қалами қоши сабзи ӯ,
Дар шоирӣ сари қаламам тоза мешавад.

Шеъри маро чу қофия бандад ду кокулаш.
Шоҳини абрувонаш бар мекашад сухан.
Сурат ки тоза мекунам аз шири рӯйи ӯ,
Субҳи рухаш сафед кунад шеърҳои ман.

Аз ҷӯйи хома меравад оби ҳаёти шеър,
То чашмаи лабони варо нӯш мекунам.
Бандам ду гӯш аз ҳама ҳангомаҳои даҳр,
То розҳои қалби варо гӯш мекунам.

Сар мениҳам ба синаи табдори беғашаш,
То ҳафт осмони сафо мерасад сарам.
Нозукниҳоли қоматаш оғӯш мекашам,
Гул мекунад ба боди сабо боғ дар барам.

Эй мурғи хушқареҳаи ман, тоза кун гулӯ,
Ҳарҷанд хун шавад диламу хотирам пареш.
То шохаи шикаста нагардад хазону хушк,
Дар шохаи шикаста бихон нағмаҳои хеш.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед