АЗ ЗИНДАГӢ ЗАКОВАТ
Афтода дар чӣ кӯе, халқам, кунун ҳаётат,
Дар хеш мехӯрӣ тоб, бишкаста ду қанотат.
З – осудагӣ тани ту афтода дурр, эй воҳ,
Дар тан кафан, хурокат дарду алам – наботат.
Гуфтӣ: худам шавам шод, кишвар намоям обод.
Ҷазмат бирафт барбод, вайрон деҳу работат.
Озодии кафи ту ғоят фитод қимат,
Конеъ нагашт аз сад як матлаб, аз шамотат.
Маълум қудрати халқ рӣзи масоф гардад,
Бошад, намоӣ зоҳир он қудрату саботат.
Чашмат мадӯз бар қайб, хар сӯ мазан худат, айб,
Дар меҳнат аст, донӣ, ҳам омаду наҷотат.
Қудрат мадеҳ ту аз даст, ҳиммат мазан ту бар паст,
Донеи иззататро афзой илтифотат.
Гар ҷон зарур, Ӯлмас, бар халқу бар Ватан бахш,
Бошад зи ту муқофот – аз зиндагӣ закотат.
Шарҳи худро нависед