ЗАНҲОИ ДЕҲОТ

(Ба апаҳоям Нигина ва Бибиҷон)
Ин занҳои деҳотӣ
Гоҳ-гоҳ пазанд чапотӣ,
Ба шаҳр раванд ба хешон.
Бо худ баранд савғотӣ
***
Вақти саҳар ширавған
Ширбиринҷу тарҳалво,
Меҳмон ояд мепазанд
Дар рамазон нишоло.
***
Бо ҳунарҳои воло
Дар ид пазанд ҳавло,
Ба ин занҳо меарзад
Ҳайкал созанд аз тилло.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед