БАҲОРИЯ

Саҳар, ки булбули шӯрида нолае сар кард.
Зи хун дида гули сурх домане тар кард.
Кулоҳгӯшайи худро шикаст гул ба чаман,
Банафша саҷдаи таъзимро муқаррар кард.
Забони шонайи савсан та тӯррайи сунбул
Сабо чу теғ муҳараф заду муҳасар кард.
Чунон бинойи гул афтод, сабза хурраму маст,
Ки ёди хуш ба ҳангоми субҳи маҳшар кард.
Сабо бисоти заминро ба сити бӯқаламун
Бидод зеб, ки натвон ба гуфт бовар кард.
Нишаст бар забари тахти хусравӣ гули сурх,
Замон-замони худу давр-даври соғар кард…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед