БИРГАДИР

Турфа ҷое дар лаби ҷӯбор дорад биргадип

Соябон аз беди кокулдор дорад биргадир^’
Зери паҳлӯяш ниҳода шаш қабат болишти

Гирди худ се-чор хизматгор дорад биргадир.

У’ Дар ҳузураш хони пурнеъмат бувад ороста

Кай ғаму парвои кору бор дорад биргадир.’
Сӯхта аз ташнагӣ нисфи зиёди пахтазор,

Сайр рӯҳан дар Сари Хосор дорад биргадир.
Хона карда, бачча карда кирм дар хар як ниҳол

Суи онҳо дидаи хуммор дорад биргадир.
«Қай кунй ислоҳи ин дӯлобиҳо» пурсӣ варо,

Ваъдаҳои тозае тайёр дорад биргадир.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед