Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.

Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.

Шароби арғавониро гулоб андар қадаҳ резем,

Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем.

Чу дар даст аст уде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,

Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.

Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,

Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.

Яке аз ақл мелофад, дигар томот мебофад,

Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.

Биҳишти адн агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона,

Ки аз пойи хумат рӯэе ба ҳавзи Кавсар андозем.

Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,

Биё, Ҳофиз, қи то худро ба мулки дигар андозем.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед