ЧАРОҒИ ДУР

Ҳаво на он қадар абрӣ, ки гӯямаш абрист,
На равшан асту на торик, нимторик аст.
Дар ин замона ба ҷонам на раҳм, на ҷабрест
Ва ҳолате, ки ба барзах шабеҳу наздик аст.

На як муҳаббати комил, ки ҷон фидо созам,
На як адовати қотил, ки қотилаш гардам.
Куҷост пири ҳушивор, то бад-ӯ нозам,
Куҷост анҷумане, шамъи маҳфилаш гардам?!

Ба боғу гулшани айём гарди рӯзардист,
Фақат гулест бинозад, ки хеш гулшанҳост.
Вале ба соҳати кишвар вабои бедардист
Ва он ки дарди замон мекашад, тани танҳост.

Маро ба синаи пурдард оҳ мепечад,
Чу нест дудкаши дарду ғам, илоҷам чист?
Касе ки оҳ кашад, бар гуноҳ мепечад,
Чӣ гуна оҳи диле нокашида бояд зист?!

Кунун, ки меравад ором об аз таги коҳ,
Ғиреву ҳамҳамаи рӯдро чӣ бошад суд?
Ситезу шӯриши дарё вале кунад огоҳ,
Дигар ба ин хасу хошок амон нахоҳад буд,

Насим мегузарад аз саросари дунё
Ва оби мурдаи рокид базӯр меҷунбад.
Умед сабз шавад з-оби зиндаи дарё,
Чароғи баҳрнавардон ба дур меҷунбад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед