ГУЛШАНИ ШАРҚ
Гулшани шарқ
Тоҷикистонам
Ордени Ленинат муборак бод!
Қудрати ленинӣ, ки бо халқат
Мениҳӣ дар ҷаҳон қадам озод,
Аҳсанат гуфт Партия!
Аҳсан!
Ватан аз ҷонфидоият розӣ!
Байни аҳли ҷаҳон сарафрозам,
Чунки ту дар ҷаҳон сарафрозӣ.
Бо ҳамма ҳастиям ба хизмати ту,
Доим омадаам, диёри ман.
Бе ту ҳеҷ асту пучу пажмурда
Бахти ман, умри ман, баҳори ман.
Ҳар касе, ки туро кунад ҳурмат,
Ҳурматашро ба ҷой меорам,
Ҳар диёре, ки ёру ёвари туст,
Содиқу бовафо ба вай ёрам.
Бе сутуни гузаштаю имрӯз
Қасри оянда нест поянда.
Дидбони гузаштаат ҳастам
Аскари ҷонфидои ояндат.
Раҳи ояндаам раҳи шараф аст,
Гарчи сангину печ дар печ аст.
Туӣ илҳомбахши ин сафарам,
Машъали ман чароғи Илич аст!
Шарҳи худро нависед