ХЕШИИ РӮБОҲ БО ГУРГ

Аз адолат шер — шоҳи ҷонварон

Гуфт: «Бо амру тақозои замон
Дар миёни мо, вуҳушон, баъд аз ин

Ҳеҷ гаҳ бояд набошад бухлу кин.
Дур партоем мо аз худ нифоқ,
Доимо бошем бо ҳам иттифоқ.
Ҳар кӣ бошад-хоҳ гургу хоҳ шағол,

Хоҳ хирсу хоҳ рӯбаҳ… бемалол
Соҳиби мансаб шавад, сарвар шавад,

Бар дигарҳо ҳокиму раҳбар шавад.
Шуд ҳамоно мисли барқе ин сухан

Паҳн ҳар ҷо аз даҳоне бар даҳан.
Ваҳшиёни бешае андар ҷавоб
Гургро карданд сардор интихоб.
Гург чун бар курсии маисаб нишаст,

Оламеро хонд бар худ зердаст.
Гашт аз пешинааш даррандатар,
Кай дигар мехӯрд вай аз рони хар?!
Буд пешаш пухта дар сихи кабоб

Тоза-тоза барраи олиҷаноб.

Рафтаму баъд аз танаффус омадам,

Дар қабулгаҳ боз бинҳодам қадам.
Қотиба гуфто ба овози маҳин:
«Эй ако, беҳуда дар ин ҷо нашин,
Хӯҷаинро нест акнун тобашон, Дар идора бурд ҳатто хобашон.
Бехтараш, рафта пагоҳ оед боз, То шавед аз лутфн эшон сарфароз».
Хасрато, як рӯзи кориам гузашт, Дар қабулгаҳ бесамар бебозгашт.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед