ҲИКОЯТИ БЕНАМОЗ

Аз замони ҳазрати Мӯсо расидааст то ба мо,
Як ҳикоят оварам баҳри шумо.
***
Лаб-лаби дарё рӯзе кард гузар,
Зикргӯён ёди аллоҳ дош ба сар.
***
Сӯи дарё ӯ нигаҳ дошт ҳамчунон,
Рӯи дарё дид бисёр моҳиён.
***
Моҳиён буданд ҳама дар рӯи об,
Ҳам ба паҳлӯ ҳам ба пушт бинмуда хоб.
***
Кас надонад ҷуз Худо асрори ин,
Воқифи асрори дарёст ҳам замин.
***
Гуфт: Ё Аллоҳ чӣ шуд бар моҳиён?
Рӯи обанд ҳеҷ намеҷунбанд ҳамон?
***
Як нидо шуд аз Худои нозанин,
Гар ки хоҳӣ фаҳмидан асрори ин.
***
Аз худи он моҳиён пурс сири он,
Ҳоли худро як ба як созанд баён.
***
Дар миёни моҳиён чандтои он,
Зинда буданд дар рамақ доштанд ҷон.
***
Пеши Мӯсо дар сухан шуд он замон,
Бар лаби дарё ҳамемонд ӯ қадам.
***
Дард дошт бандони ӯ мекард фиғон,
Мерасид овози ӯ бар осмон.
***
Ӯ биканд дандони худ аз рӯи ҷаҳл,
Кандани дандон набошад кори саҳл.
***
Баъд аз он дандон ба дарё дод ҳаво,
Моҳиё онро фурӯ бурд ҷо ба ҷо.
***
Ҷони мо дар сӯз афтод ҳам гудоз,
Кош намеомад ба соҳил бенамоз.

Дар ҳақи мо моҳиён мекун дуо,
Гаштаем дар ин бало мо мубтало.
***
Мавҷи гармеро фиристодаст Худо,
Гаштаем дар ин бало мо мубтало.
***
Ҳазрати Мӯсо дуо кард баъд аз он,
Эй Худованд раҳм кун бар моҳиён.
Раҳм овард баъд ба моҳиҳо Худо,
Зуд наҷот ёфтанд аз ранҷу бало.
***
Бенамоз бисёр шавад дар хонаҳо,
Файз ҳама аз кишт равад аз донаҳо.
***
Мекунанд доим дуо ҳар аҳли деҳ,
Деҳи мо аз бенамозон холӣ беҳ.
***
Бенамозе ҳар ки ояд рӯ ба рӯ,
Хуб нест додан саломе ҳам бар рӯ.
***
Вой ба ҳоли шаҳр хурд аст ё калон,
Бенамозон рафту о доранд дар он.

Чунин навиштаанд дар ин гунбади сарои сипеҳр,
Кина ба ҷои кина, меҳр ба ҷои меҳр.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед