ҒУНЧАИ ГУЛ

Як шаб аз навбаҳор вақти саҳар,
Бод бар боғ кард роҳи гузар,
Ғунчаи гул паём дод бо вай,
Гуфт: бар боғ омадам андар,
Хаймоҳа сохтам зи байрами Чин,
Фарш кардам зи дебаи Шуштар.
Аз аморӣ ман омадам берун,
Набидидасти рӯи манн модар.
Накушодам ниқоби сабз аз рӯй
Нанамудам ба кас рухи аҳмар!
Бод бар ман дамид мушку абир,
Абр бар манн фишон дурру гуҳар.

Дар орзӯйи бӯйи гули Наврӯзам,
Дар ҳасрати он нигор оламсӯзам.
Аз шамъ се гунна кор меомӯзам:
Мегиряму мегудозаму месӯзам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед