ҚИССАИ КАДБОНУ
Ош гуфта шавла пухтӣ,
Таги таомро сӯхтӣ,
Ҳуши ту дар куҷо буд?
Куқо назора дӯхтӣ?
Самбӯсаи ту хом аст,
Самбӯса ӯ ба ном аст.
Часпид хамир ба дандон,
Сақич гӯй ба ком аст.
***
Вақте пазӣ мастоба
Зиёд резӣ ту оба,
Шушкӣ аз он болаззат
Хӯрда бигӯем: Тоба!
***
Эй кадбонуи ҷонам,
Як бор бипаз лағмонам.
Лағмон бипухтӣ хӯрам,
Аз тан бирафт дармонам.
***
Шӯрбопази машҳурӣ,
Шунидаам аз дурӣ.
Шӯрбо пухти чунон шӯр,
Ана сар шуд дил шӯрӣ.
***
Чапоти банди деҳа
Ёд дода кеҳу меҳа,
Чапотии ту хӯрдам
Дар шикам баст гиреҳа.
***
Гирдача паз занӣ ту,
Гирдача паз канӣ ту.
Начаспад ҳеҷ ба дегдон
Ҳарчанд, ки зӯр занӣ ту.
***
Вақте, ки кулча пухтӣ,
Остинчаро ту сӯхтӣ.
Дар вақти кулча бандӣ.
Бисмилло ҳам нагуфтӣ.
***
Шакар кардам ман харид
Ҳалво пухтӣ ту дар ид,
Ҳалворо ҳар кӣ мехӯрд
Дарди шикам меқапид.
***
Гуфти:Пазам ман қатмол,
Гуфтам: Нахӯрдам имсол.
Сад ҳайфи орду равған
Бар бод рафт ба ҳар ҳол.
***
Аз таоми кадбону
Афтодаем ба зону,
Оқибаташ ба хайр бод
Ҳоло ки ҳаст ҷавон ӯ.
***
Ҳар сол шавад озмун
Озмун ба ин мазмун:
Таомпазони машҳур
Ширкат кунанд дар ун.
***
Бетараф мо наистем,
Кадбонуро фиристем.
Бо ин чунин кадбону
Мо ҳама мухлис ҳастем.