ЛЕНИН ДАР ПОМИР

… Ӯ зиндаву бо номи вай
Дорад Ватан садҳо зафр
Фатҳу зафарҳои Ватан
Карданд ӯро зиндатар…
Не хурӯсе ҷеғ зад шаб бемаҳал,
Не ситора бар замин афтида буд,
Не ба боми хонае ҷуғзе нишаст,
Не касе дар хоб море дида буд, –
Сол, аммо соли ноором буд,
Кори мардум бесару анҷом буд…
Раҳгузарҳову мусофирони раҳ
Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар.
Хурдакак будем, аммо кунҷков,
Гӯш медодем бар ҳар раҳгузар.
Вақти бозӣ буд магар? Не! Хостем,
Бохабар бошем аз ҳар “нек”-у “бад”,
Маънии тақдири бадро хостем
Бишнавем аз нобаладҳо, ё балад.
Хурдакак будем, лекин хостем
Бохабар бошем аз “Кори ҷаҳон”.
Коргарбачча, ки Даврон ном дошт
Бар сари мо кунҷковон буд калон.
Бо падар дар шаҳр рафта борҳо
Ҳар касеро мардикорӣ кардааст,
Синну солаш хурд, аммо аллакай
Зарби чӯби бандагиро хӯрдааст.
Хурд бошад ҳам, вале фаҳмида буд
Се суханро: “шаҳр”, “меҳнат”, “бандагӣ”.
Пас, камаш се бор аз мо бештар
Ошно вай бо тариқи зиндагӣ.
Шаҳрдида, зиндагониро зи мо
Хубтар, бисёртар дониста буд.
Ҳар чиро, ки ӯ мешунид аз падар,
Омада бар мо ҳикоят менамуд…
Раҳгузарҳову мусофирҳои раҳ
Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар,
Мардуми деҳ – марду зан пиру ҷавон
Гӯш медоданд бар ҳар раҳгузар.
Он яке мегуфт: “–Гӯй дар ҷаҳон,
Қуввае нав – “Болшевой” пайдо шудааст”.
Дигаре мегуфт:
“Оре”, “Болшевой” –
Одам асту номи вай Ленин будаст,
Ӯ худаш рус асту мехоҳад диҳад
Подшоҳи русро, инак, ҷазо:
Дасти ӯро баста тахташ бишканад,
Бо замин яксон намояд тоҷро.
Дар Петербурге, ки ҳар майдони ӯ
Аз диёри мо васеу паҳнтар,
Дар Петербурге, ки ҳар як хонааш
Мебаранд, гӯянд, то сесад нафар,
Давлати шоҳ аст дар зери хатар!..”
“…Бесабаб не ин хабарҳо! “Болшевой”
Зидди шоҳи рус исён кардааст!”
“Омад он соат, – бигуфто дигаре, –
Давлати пурзӯри шаҳ ёбад шикаст!”
…Қозии қишлоқи мо ногаҳ шабе
Мезанад фарёд, ки “Эй аҳли дин,
Хоб дидам, “Болшевой” бо лашкараш
Ҳамла овардаст бар Шуӯнонзамин…
Алғараз, дар хобу дар бедориаш
Халқ машӯули сиёсат гашта буд.
Буд равшан, ки охир ягон гап мешавад,
Оташ, охир, гар набошад, нест дуд.
Буд равшан: ҳаст оташ!
Лекин он –
Дар куҷо ҳасту кӣ шуд ҳезумкашаш,
Хонаи кӣ – дӯстон ё душманон
Гарму равшан мешавад аз шӯълааш?
Дар дили ҳар кас саволи бешумор…
Вақти хобу вақти роҳат, вақти кор
Фикр мекарданд, медиданд фол
Одамони оддии ин кӯҳсор.
Бо ҳамин раҳ бар саволи бешумор
Ҷустуҷӯ мекард ҳар як кс ҷавоб.
Байни мардум боз як тоза-хабар
Паҳн шуд, ки –
“Дар Петербург инқилоб!”
Гӯиё ки гург дар байни рама
Гашт пайдо! –
Шӯру ғавғо шуд баланд.
“Инқилоб, исён ба зидди шоҳи рус,
Бо туфангу досу бо путку каланд!”
Он касе, ки ин хабарро паҳн кард.
Ҳабс шуд.

Он рӯз дар ҳавлии худ
Карда моро ҷамъ, Даврон инчунин
Саргузашти он ҷавонро гуфта буд:
– Ман шунидам, одами бесора ӯст,
Хоксору зиндадил, синааш ҷавон,
Бо забони нарму гарму форамаш
Гуфтугӯ мекард бо бечорагон.
Ӯ худаш аз шаҳри Хоруғ будааст,
Рафта дар мулки Хуҷанду дуртар,
Дар заводу фабрика, дар уонҳо
Кор мекардаст, марди коргар.
Дар ғарибӣ гашта-гашта омадаст
Ӯ ба назди баччагонаш,
Ногаҳон –

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед