СУХАНИ МАРДУМОНИ ОДДӢ

original

Ҷаҳонгирон боз ҳам ҷанг мехоҳанд,

Аз шараф безоранд, нанг мехоҳанд.

Мушти ҳамдастӣ маҳкамтар, ёрон!

Ин сангҳои ваҳшӣ санг мехоҳанд.

 

Мо ҳама дорем ишқи зиндагӣ,

Зиндагӣ хоҳем бо арзандагӣ.

Таслим нагардем ба ҷангафрӯзон,

Мо ҳама дорем шарм аз бандагӣ.

 

Мо ба ҳифзи сулҳ иқтидор дорем,

Дар дунё сафҳо бешумор дорем,

Муборизони фидокор дорем,

Чун мулки совет байрақдор дорем.

 

Озодибахш аст ин ҷиҳоди мо,

Бедодро канад аз бун доди мо.

Азму ирода кунем зиёда,

Ҷангро мекӯбад иттиҳоди мо.

1951.

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед