МУҲАБАТНОМА

isfara_nohiya

Зиҳӣ, эй мардуми озодаву хуршедзоди ман,

Чароғи шомгоҳу нур андар бомдоди ман.

Ҳазору сад тараннум наваҳорон  аз дилам хезад,

Гули васли шумо бикшуфта дар шеъри ман.

Дилам дар ҳар таппиши  беканори хеш мегӯяд:

Тавофи каъбаи меҳри шумо бошад муроди ман.

Ба шабоши шумом ан оварам девони меҳрамро,

Садоқат хезад аз ҳарфу ҳиҷои шодбоди ман.

Қадам андар қадам меафтам андар рӯзи танҳоӣ,

Наӣ гар мутакоям мардуми боиттиҳоди ман..

Сано эй қавми хушанвору хушҳарфу хушовоям,

Бузургии шумо бикшодааст чашми савдои ман..

Ҳазорон барфу борон гиря ардам гоҳи навмедӣ,

Ба фарёдам расӣ чун бишнавӣ овои доди ман.

Худо хоҳад агар Наврӯзи дигар боз меоям,

Ки савту сози фарвардин нуҳуфта дар ниҳоди ман.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед