ТОҶИК
Сар бар фалак бисоям аз ифтихори тоҷик,
Шодам, аз он ки ҳастам ман аз табори тоҷик.
Эъҷоди субҳ орам бар ин дили шикаста,
То мисли гул бихандад андар баҳори тоҷик.
Боди сабо бихонад оҳанги ориёнро,
Хоҳам ҳамин ҳамин тарона бошад шиори тоҷик.
Ҳамвора қиссаҳои ишқу умед хонам,
Ман аз китоби чашми пур аз шарори тоҷик.
Ҷамъ аст хотири ман аон гаҳ, ки боз оянд,
Ғурбатнишастагони бас бешумори тоҷик
Дар пуштаҳои кишвар хуни Сиёвушон рехт.
Ку рустаме, ки мекард ҷонро нисори тоҷик?
Вақте ки осмону ин хок гиря мекард,
Иблис ханда мезад бар гирудори тоҷик,
Оне ба завқи ҳастӣ ҷони бародараш бохт,
Ӯро намешуморам ман дар шумори тоҷик.
Нафрат намоям оне, к-аз кина дом афканд,
Як рӯзи номуборак дар роҳгузори тоҷик.
Бошад ниёиши ман ҳар лаҳза аз Худованд,
Сулҳу саодат овар ба рӯзгори тоҷик.
Бар гӯши дил биёвар он дам, ки ғусса дорам,
Нӯшобаи садои марғуладри тоҷик.
Рӯзе ки дур рафтам аз домани диёрам,
Сад раҳ занам ба ҳар дар сар аз хумори тоҷик.
Гар дар биҳишт афтам, бадан наметавонам,
Доманкашон биёям бар шӯразори тоҷик.
Шеър дар бораи точикон
Муаллиф: Шаҳрия