НОЛАИ ДАРАХТОН

Дӯш будам аз миёни кучае ман раҳсипор,

Як дарахтам гуфт ногаҳ аз канори ҷӯйбор:
«Ҳоли моро бин, бародар, аз ҳақиқат рӯ натоб

Арзи моро аз забони ростиҳо гӯш дор.
Чун дарояд баъди тобистони сӯзон тирамоҳ,

Чони мо дар ларза аст аз реша то бар шохсор.
Ғайри бехи мо набошад ҷой бар қавми табар,

Дар миёни мост арра доимо дар гирудор.
Нолаи моро вале гӯше набошад бишнавад,

Кӯчаҳоянд арчи з-оби дидаи мо шӯразор.
Аз саҳар созанд моро реза-реза то ба шом,
Дар даме якбора ояд пеши мо мошин қатор.
«ЗИЛ» паси «ЗИЛ» пур шавад аз купдаҳоитар бурӣ,

Корвони чӯби тар гардад равон бар ҳар канор.
Солҳо будем мо бар фарқи мардум соярез,

Мекунанд имрӯз моро аз чӣ бошад торумор.

Дар нигоҳу парвариши мо ҳашарҳо кардаанд

Гоҳу ногаҳ кӯдакони мактабӣ ҳам бешумор.
Орзуе доштем ин, ки ҳама гул мекунем,

Кӯчаҳоро ҳусн мебахшем дар фасли баҳор.

Лек ин армони мо нашкаст, афсӯсӯ дапеғ’

Дуди мо берун шавад аз печҳо мисли бухор⦻

Ман ба назм овардамащ дар кӯча зери як чанор.

Чуп шунидам арзу фарёди дарахтони ҳазин

Гуфтам онро медиҳам бар дасти як сардори зӯо

Лек сӯи Хорпуштак кард аз дастам фирор.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед