ПАНҶДАҚИҚАҲА

Ҳар рӯз пагоҳ пеш аз кор
Мо ғӯн бишавем пеши сардор
Дар панҷ дақиқаҳа кунад боз
Сардор гапи гузашта такрор
Охи чи бало расида бошад
Ерон ба шумо!
Шавед икрор
Кас нест хӯрад ғами идора
Дорад ҳама майли бозор
Динанги сӯпоришам куҷо шуд?
Ки нест аз ӯ нишона зинҳор
Иҷрон план бувад кашола
Чун рудаи аспи мурда дар ғор
Гуфтем басе зи боби одоб
Кас нест вале ба ин тарафдор
Яъне масалан дирӯз бигзашт
Дар кӯча зи пешам Абтусаттор
Не дод салому не дод назар
Ин гуна адаб ба кист даркор!
Ҳам бинаму ҳам расад ба гӯшам
З-ин масаъла бешумор ахбор
То панҷдақиқаҳа шавад буд
То садр кунад ақида изҳор
Вақти танаффус расад шитобанд
Аз кор ҳама ба оши тайёр

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед