ПИР ГАШТАМ

Пир гаштам…
Зи нав ҷавон гаштан
Орзуе чу хоби ширинест.
Аз ҷавонӣ раҳест то пирӣ,
Лек бар бозгашт роҳе нест.
Нест роҳе…
Вале надорад ғам,
Хуб медонам ки ин аз ман ҳам
Борҳо пир қуллаи Помир,
Лек бар ташногони кӯҳу даман
Медиҳад оби зиндагониро!
Зодаи қуллаҳои Помирам,
Қодирам, ки ба даштҳои пир
Зиндагӣ бахшаму ҷавониро!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед