РӮЗЕ МЕРАСАД

Ҳиллаи бисёр дорӣ, эй мудир.

Роҳи пулро интизорӣ эй мудир.

Зери тахта мениҳӣ моли фузун,

Аз барои харчиворӣ, эй мудир.

 

Обро ту бо арақ кардӣ қатӣ,

Нархи нав мондӣ ба моли давлатӣ.

Баъди шому  бар мизоҷон садтагӣ.

 

Қолини патро ба ҷалобон диҳӣ.

Моли зерии тахтаро бинмуда об.

Бар сари бозорӣ Марғелон диҳӣ.

 

Тангаҳо оҳиста червон мешаванд,

Таҳ ба таҳ афтода ҳамён мешаванд.,

Хонаву дар, ҳавлии овозадор

Чун манор аз дур намоён.

 

Нафси ту чун нафси аждарҳо калон.

Гардани ғафсӣ ту сӯи осмон.

Мекунӣ сад нағмаву садҳо мақом,

Аз мақомҳои ту ҳайрон одамон.

 

Ҳаққи мардум кӯри нобино кунад,

Рафта-рафта кӯҳрию расво кунад.

Мерасад рӯзе, ки меафтӣ ба даст,

Оқибат шарманаи дунё кунад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед