ФОИДАИ СИЛЛАИ РАҲМ
Рав ба пурсидан бари хешони хеш,
То кӣ гардад муддати умри ту беш.
Ҳар кӣ гардонад зи хешованд рӯй,
Бегумон, нуқсон пазирад умри ӯй.
Ҳар кӣ ӯ тарки ақориб мекунад,
Ҷисми худ қутиа ақориб мекунад.
Гарчи хешони ту бошад аз бадон,
Бадтар аз қатъи раҳам чизе мадон.
Ҳар кӣ ӯ аз хеши худ бегона шуд,
Номаш аз рӯи бадӣ афсона шуд.
Шарҳи худро нависед