ТАСВИРИ ВАТАН

Шукрона  ба номи  Тоҷикстон,
Шукрона  ба хони   Тоҷикистон.
Шукрона  ба оби  Тоҷикистон,
Шукрона ба номи  Тоҷикистон.

Эй  мулки  ягона ҷонфизоям,
Бе ту набувад  нафас  бароям.
Чун  ҳасти  туст  ҳастии  ман,
Дар васфи ту ман  ғазал сароям.

Меҳри  ту бувад  ба ҷон баробар,
Чун   меҳру муҳаббати  бародар.
Берун  наравам зи марзу  бумат,
Зеро ки тӯӣ  маро чу модар.

Модар  Ватану  Ватан чу модар,
Яъне ки ба ҷону дил баробар.
Тасвиру  муҳаббати Ватанро
Дорем  ҳаме  ба дил баробар.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед