Тӯҳматчӣ (Тухматчи)

tumblr_inline_mkfqx9PYDy1qz4rgp

Мисли одами бадард,
Тӯҳматчие хоб накард.
Қаламашро тез намуд,
Дафтари тӯҳмат кушуд.
— «Мудири мо ҷӯрабоз»,
Як ҷӯрааш қаддароз,
Қади дигарӣ кӯтоҳ,
Меравад оҳиста роҳ.
Даруни мизи сардор
Дафтари тоза бисёр.
Терезаҳояш рангин
Зада ба онҳо зулфин.
Кучуки вай Алопар
Ҳамеша дар паси дар.
Як пагоҳи аф-аф кард,
Ҳамаро гурдакаф кард
Тӯҳмат намуда бисёр,
Аз рӯи кори сардор
Ӯ бе ному бе имзо
Роҳӣ намуд ба ҳар ҷо
Идора ба идора,
Ҳамаро кард овора.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед