ЗИНДАЁД

Ба ёди устоди равоншод Ашӯр Сафар

Шоиро, дар шеъри худ дар рӯзгорон зиндаӣ,
Чун суруди обшори кӯҳсорон зиндаӣ.
Бо умеди рӯзи фардо зиндагонӣ доштӣ,
Дар умеди мондаи умедворон зиндаӣ.
Дар рубоиву ғазал афзудаӣ зарбулмасал,
Ҳамчу панду ҳикмати омӯзгорон зиндаӣ.
Гуфтаи бо мардуми ҳамқисмати худ рози дил,
Дар дилу дар дидагони роздорон зиндаӣ.
Ғуссаҳо аз хотири кас бурдаӣ бо қиссаҳо,
Ҳамчу лутфи хеш дар лабханди ёрон зиндаӣ.
Чун парасту бол мезад дар ҳаво андешаат,
Сӯи кӯҳистон чу паёғоми баҳорон зиндаӣ.
Бо ватан пайвастаӣ обу гилу ҷону дилат,
Ҷовидон дар зиндагии ҳамдиёрон зиндаӣ!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед