Анҷуман гардид мотамхонае,

То ту рафтӣ анҷуман гардид мотамхонае,
Шамъ афтодаст ҳамчун мурдаи парвонае.
Рафтию базми маро яксар парешон сохтӣ,
Не суроҳӣ пеши соқӣ, ҷобаҷо паймонае.
Омадам чун Офтоб аз дасти танҳоӣ ба ҷон,
Рӯзгоре шуд намеёбам ба худ ҳамҳонае.
Ҷӯши савдои ту ҳар дам мезанад сангам ба сар,
Меравам дар кӯчаҳо монандаи девонае.
Ҷустуҷуят мекунам аз худ намеёбам хабар,
Гоҳ аз ҳамсуҳбатону гоҳ аз бегонае.
Устухонам тӯтиё хоҳад шуд аз ҷаври фалақ.
Дар гулӯи осиё афтодаам чун донае.
Сайидо, аз хонаам то он парирӯ рафтааст,
Кушта шамъи кулбаам девонаи парвонае.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед