БАҲОР КӯЧ БАСТ

Бо ханда бигзашт офтоб

Аз теғи қӯҳи нӯқратоб.

Бар кӯйи бераҳ раҳ кушод,

Гармӣ ба оби сард   дод.

Вақте ки  аз саҳро гузашт,

Гулранг   шуд  оғуши дашт.

Шабнам, ки дар  барги  алаф

Метофт монанди садаф,

Да пояш шуд, бо як  шитоб

Пинҳон зи чашми офтоб…

Фасли баҳорон кӯч баст,

Бар тахт тобистон нишаст

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед