БАРОИ Чӣ?

Аз саволи беҷавоб

Калам  омад ба дард:

Барои чӣ сабза сабз?

Боҳ барои чӣ зард?

Хок сусту мулоим

Санг барои чи сахт?

Барои чӣ хам доим

Шохи пурбори дарахт?

Барои чӣ шаб торик!

Барои чӣ равшан рӯз?

Барои чӣ мепазад

Мева танҳо дар тануз?

Абри беполу бепар

Барои чӣ паррон аст

Фақат як осмон аст?

Барои чӣ дарокор аст

Ба одам фикру хаёл?…

Барои чӣ бисёр аст

Дар каллаи ман савол?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед