Дили ошиқам бар ту гум мезанад

Мерасӣ бар ёди ман ҳар гаҳ, дилам гум мезанад,
В — ар зи ёдам меравӣ ногаҳ, дилам гум мезанад.
Ман ба ҷои ҷони худ ҷони туро мепарварам,
Чун зи ҷонам мешавам огаҳ, дилам гум мезанад.

Шаб ба хобам медароӣ баҳри таскини дилам.
Бо муҳаббат менавозӣ тифли ғамгини дилам.
Чун сарат набвад саҳаргаҳ рӯи болини дилам,
Дар хаёли он шаби кӯтаҳ дилам гум мезанад.

Ошиқон дастобагардан бигзаранду бар ба бар,
Бӯса мегиранд шодон аз лабони ҳамдигар.
Кош, сад соли дигар бошанд ҷуфти ҳамсафар,
Дар вафои ҳамдилу ҳамраҳ дилам гум мезанад.

Ман муроди хеш меҷӯям шабон аз моҳи нав,
Кӯҳна мегардад маҳу ман мекашам боз оҳи нав.
Сӯи даргоҳи ту сад раҳ мекашам ман роҳи нав,
Боз назди он дару даргаҳ дилам гум мезанад.

Моҳтоб аз шӯъла гирди хеш хиргаҳ мезанад,
Дар дили ман дарди дуриҳои ту таҳ мезанад.
Моҳи рахшонат диламро ҳар шаб аз раҳ мезанад,
Шаб ба ёди моҳи бехиргаҳ дилам гум мезанад

Мерасӣ бар ёди ман ҳар гаҳ, дилам гум мезанад,
В — ар зи ёдам меравӣ ногаҳ , дилам гум мезанад.
Ман ба ҷои ҷони худ ҷони туро мепарварам,
Чун зи ҷонам мешавам огаҳ, дилам гум мезанад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед