Таманнои лабат комам ҳанӯз

Барнаёбад аз таманнои лабат комам ҳанӯз,

Бар умеди ҷоми лаълат дурдошомам ҳанӯз.

Рӯзи аввал рафт динам дар сари зулфайни ту,

То чӣ хоҳад шуд дар ин савдо саранҷомам ҳанӯз.

Соқиё як ҷуръае з-он оби оташгун, ки ман,

Дар миёни пухтагони ишқи ӯ хомам ҳунӯз.

Аз хато гуфтам шабе зулфи туро мушки Хутан,

Мезанад ҳар лаҳза теги мӯ бар андодмам ҳанӯз.

Партави рӯйи ту то дар хилватам дид Офтоб,

Медавад чун соя ҳар дам бар дару бомам ҳанӯз.

Номи ман рафтаст рӯзе бар лаби ҷонон ба саҳв.

Аҳли дилро бӯйи ҷон меояд аз номам ҳанӯз.

Дар азал додаст моро соқии лаъли лабат,

Ҷуръаи ҷоме, ки ман мадҳуши он ҷомам ханӯз.

Эй, ки гуфтӣ ҷон бидех, то бошадат ороми ҷон,

Ҷон ба ғамҳоят супурдам, нест оромам ҳанӯз.

Дар қалам овард Ҳофиз қиссаи лаъли лабат.

Оби ҳайвон меравад ҳар дам зи ақдомам ханӯз.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед