ТОЗАВУ ХУРРАМ АСТ ЧУН РУХИ ЁР

Тозаву хуррам аст чун рухи ёр
Саҳни гетӣ зи рангу бӯйи баҳор.
Даштор аз зумуррад аст бисот,
Кӯҳро пурабарҷад аст канор.
Чатри беҷода манбаи лӯълӯст,
Тахти имрӯз маъдани динор.
Ҷунбиши боду соҳати чаман аст
Туррайи Чину ғайрати Фархор.
Барги насрину шохи шамшоданд,
Рухи зебову турраи дилдиор.
Иқди лӯълӯ намуда дар ёқут,
Тунги шаккар кушода дар гуфтор.
Оби ҳайвон-ш дар ду донаи нор.
Суманаш рух кашид дар сунбул,
Сунбулаш пай фиканда дар гулнор,
Рухаш аз зулф моҳ дар ақраб,
Зулфаш аз чеҳра мор дар гулзор.
Мори ӯ дар паноҳи бадри мунир,
Моҳи ӯ дар ниқоби мушки татор.
Сунбулаш ҳамчу ҳиндуе дар тоб,
Наргисаш ҳамчун ҷодуйи хунхор.
Соҳире ниммасти арбадаҷӯй,
Ҳиндуе печ-печ аинадор…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед