Як нафар ман мондаам
Дар чавонӣ будаам дар зери барфи рӯсафедӣ,
Рӯзи пири мондаам дар зери барфи мӯсафедӣ.
Баста рӯи чашмаҳои чашмҳоямро яхайнак,
Интизори сактаи дил, сактаи магзам ман инак.
Чеҳраи пири маро вақте кунад оина тасвир,
Мешавад аз чеҳраи май чеҳраи оина ҳам пир,
Ҷилди андомам, ки умре дастмоли зиндагӣ буда,
Дастмолаш карда чун ҷилди китоби кӯҳна фарсуда.
Ҳамзамононам ту гӯй, мурда аз мелод ҳам пеш,
Қалъаи Золи Зарам дар теппаи танҳоии хеш.
Як нафар ман мондаам, не ҳамзамон, не ҳамзабоне,
Не адофаҳме дигар, не дар миёна тарҷумоне.
Як нафар ман мондаам дар байни кӯҳистони анбӯҳ,
Медиҳам овозу мепурсам, ки куҳистонтҳо ку?
Мерасад бар гӯши вазнинам ҷавоб аз куҳ бо андӯҳ,
Вопас аз ман куҳ мепурсад, ки кӯҳистониҳо кӯ?
Як нафар ман мондаам дар байни гӯристони тоҷик,
Як фақат ман мондаам аз наҷли кӯҳистони тоҷик.
Гар қатори мурғу моҳиён маро ҳам мешиносед,
Дар китоби сурхи ҷондорони ноёбам нависед.
23 феврали 1993
Муаллиф: Бозор Собир