ТАСВИРИ БАҲОР

Барафканд, эй санам, абри бихиштӣ
Заминоро хилъати урдибиҳиштӣ.
Биҳишти андро-хури биҳиштӣ.
Замин бар сони хунолуда дебо,
Ҳаво бар сони ниландуда ваштӣ.
Ба таъми нӯш гашта чашмаи об,
Ба ранги дидаи оҳуи даштӣ.
Чунон гардад ҷаҳон ҳазмони, ки гӯӣ
Паланг оҳу нагирад ҷуз ба чуштӣ,
Буте бояд кунун хуршедчеҳра,
Маҳе к-ӯ дорад аз хуршед пуштӣ.
Буте рухсори ӯ ҳамранги ёқут,
мае бар гунаи ҷома (и) куништӣ.
Ҷаҳон товусгуна гашту дидор,
Ба ҷое нармиву ҷое дуруштӣ.
Бад-он монад, ки гӯй аз маю мушк,
Мисоли дӯст бар саҳро навиштӣ.
Зи гил бӯи гулоб ояд бад-он сон,
Ки пиндорӣ, гил андаргул сириштӣ.
Дақиқӣ чор хислат дӯст дорад
Ба гетӣ аз ҳама хубиву зиштӣ:
Лаби ёкутрангу нолаи чанг,
Маи хушрангу дини зардуиштӣ

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед